<?xml version="1.0" encoding="UTF-8"?><song><title>Аз азал будиву ҳастӣ то абад Хд198</title>
<lyrics>[V1]
.F#m        E    D        C#
 Аз азал будиву ҳастӣ то абад,
.F#m      E     D     C#
 Эй Худованди кариму меҳрубон.
.D              C#     F#m
 Нест бар Ту ибтидову интиҳо,
.D              C#         F#m
 Гар ба нобудӣ кашад кори ҷаҳон.

[C1]
.  A                          F#m
   Зиндагӣ як гул ба ҳангоми саҳар,
.  A                       F#m
   Мешавад пажмурда андар шомгоҳ.
.     Bm               F#m
   // Зиндагӣ як хоби кӯтоҳ асту бас,
.  C#                        F#m
   Маҳв мегардад ҳаме андар нигоҳ.  //

[V2]
 Гар давом орад ҳаме ҳафтод сол,
 Ё шавад ҳаштод умри одамӣ.
 Бо ҳама дарду азобу ғуссааш,
 Оқибат поён пазирад як даме.

[C2]
   Хокиён дар хок мебояд шудан,
   Рӯ ба сӯи хок бояд карду рафт.
   // Ҳукми тақдир аст, дигар чора нест,
   Гиря бар хошок бояд карду рафт.  //

[V3]
 Умри мо кӯтоҳу мо бечораем,
 Ғарқи гирдоби гуноҳ ҳастем мо.
 Ҳикмату ақлу хирадмандӣ бидеҳ,
 Ҳамчу кӯре назди чоҳ ҳастем мо.

[C3]
   Хашм гирӣ бар гуноҳи мо чунин,
   Хашми Ту моро парешон мекунад.
   // Кай шавад пинҳон гуноҳ аз чашми Ту,
   Чашми Ту пинҳон намоён мекунад.  //

[V4]
 Раҳм кун бар мо, Худоё, барбигард
 Аз сари қаҳрат, ки мо дармондаем.
 Лутф фармо, раҳматат афзун намо,
 Сар ба поят бори дигар мондаем.

[C4]
   Як даме моро, Худоё, шод кун,
   Аз ғами дармондагӣ озод кун.
   // Дар шигифт оянд фарзандони мо,
   Хонаи вайронаро обод кун.  //

[C5]
   Файзи Ту гирад фаро бори дигар
   Мову фарзандони моро, эй Худо.
   // Бар ҷамеи мо дар ин дунёи дун
   Раҳм фармо ошкоро, эй Худо. //</lyrics>
<hymn_number>198</hymn_number>
<key>F#m</key>
</song>